Раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳо танзим шавад

Май 1, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои вилоят,  баргузории иди Рамазон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, пешгирӣ аз навъи бемории ковид, ки имрӯз ҷаҳон бо он дар мубориза аст, истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, густариши корҳои бунёду созандагӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо 30 апрел дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли равон дар вилоят маҳсулоти  ғалладонагӣ, аз қабили лӯбиё, нахӯд ва дигар зироат бояд бештар кишт карда шаванд. Ба ҷамъоварии картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷараён дорад, вусъат бахшида, барои кишти такрорӣ корҳои омодагӣ дида шаванд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки имсол дар мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоят бояд ин санаи хотирмонро дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ таҷлил намоянд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки вилояти Хатлон яке аз содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ соли равон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мевагиҳо бояд беталаф ҷамъоварӣ, коркард ва содирот карда шаванд.

Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки ҳарчи зудтар нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳо ба танзим дароварда шавад.

Май 1, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад