Раиси вилояти Хатлон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон ба дидани деҳаҳое, ки бар асари ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ осеб дидаанд, рафтанд

Май 11, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи иттилои фаврӣ, бар асари бориши шадид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси фаромадани ярч шуд, 15 хона комилан хароб, қариб 100 гектар замини корам ва 2 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Пули шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ — Ёвон низ аз офати табиӣ осеб дидааст.

Бо фармони раиси вилояти Хатлон кумитаи вилоятӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои фавқулода таҳти раёсати муовини раиси вилоят Низом Мирзозода таъсис дода шудааст. Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо сокинони зарардида изҳор дошт, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва хонаҳо барқарор хоҳанд шуд. Сарвари вилоят илова намуд, ки ягон оила бе таваҷҷуҳ нахоҳад монд ва Ҳукумат ҳарчи зудтар барои ҷудо кардани қитъаи замин дар минтақаи бехатар ва бунёди манзилҳои нав барои осебдидагон тадбир меандешад. Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ба зарардидагон кумакҳои иҷтимоӣ, ғизоӣ ва тиббӣ расонида шаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки кӯчонидани ҳамаи сокинони деҳаи зарардида (167 хонавода) ба минтақаҳои бехатар оғоз ёфт, барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 30 хайма омода карда шудааст.

Дар ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ, наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мутахассисони Кумитаи идораи замин ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доранд.

Ситоди эътино ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб намудани масоҳат ва ҳаҷми зарари расонидаи офати табиӣ шурӯъ кардааст.

Гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони вазорату идораҳо навбатдории шабонарӯзӣ ва назорати вазъро оғоз кардааст.

АКС аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 11, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад