Роҳбари СУТ даъват намуд, ки то моҳи сентябр 10% аҳолии ҳар кишвар эм карда шавад

Май 25, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус даъват кард, ки то моҳи сентябри соли равон 10% аҳолии ҳар кишвар эм карда шавад. Дар ин бора вай дирӯз дар Ассамблеяи 74-уми ҷаҳонии тандурустӣ, ки дар Женева ифтитоҳ ёфт, изҳори назар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Биёед, ақаллан 10% аҳолии ҳар кишварро то моҳи сентябр эм кунем», — даъват кард Тедрос Гебрейесус ва таъкид кард, ки то охири сол ба сарҳади 30% бояд расид.

«Барои расидан ба ин рақамҳо то моҳи декабр бояд эмгузаронии  250 миллион нафар дар кишварҳои камбизоат таъмин карда шавад. Инҳо кормандони соҳаи тандурустӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ  мебошанд. Ин ҳадди ниҳоиест, ки мо онро бояд таъмин кунем», — зикр кард роҳбари СУТ.

Тедрос Гебрейесус иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон на камтар аз 115 000 кормандони соҳаи тандурустӣ бар асари пандемия ҷон бохтанд, гарчанде ки гузоришҳо ҳанӯз пурра такмил нашудаанд.

Вай набудани баробариро ҳангоми тақсимоти ваксинаҳо дар ҷаҳон «ҷанҷолбарангез» номид ва ҳушдор дод, ки чунин ҳолат мубориза бо пандемияро тӯлонӣ мекунад. Директори генералӣ ёдрас кард: соли равон шумораи гирифторони сирояти коронавирус аллакай аз нишондиҳандаҳои тамоми соли 2020 зиёдтар шудааст. Дар ҳафтаҳои наздик, ба гуфтаи ӯ, шумораи фавтидагон низ зиёдтар хоҳад шуд. Вазъ дар ҷаҳон бениҳоят хатарнок боқӣ мемонад, изҳор кард роҳбари СУТ. То 23 май СУТ дар бораи 166 346 635 ҳолати сироятёбӣ ва 3 449 117 ҳолати фавт ба асари коронавирус маълумот ворид шудааст.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»