«РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҒАРҚШАВИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ҲАНГОМИ ОББОЗӢ». Дар ин мавзӯъ дар Душанбе семинар-машварати дастурдиҳӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо фаро расидани фасли гармо, мавсими оббозӣ ва ба таътили тобистона баромадани хонандагон омӯзгорону падару модаронро масъалаи ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ, ки чунин ҳодисаҳо солҳои қаблӣ зиёд ба мушоҳида мерасиданд, ба ташвиш меорад.
«Аз ин рӯ бо дастури Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ин семинар – машварати дастурдиҳӣ бо иштироки мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардорон, сармураббиён, мураббиёни майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистона, инчунин директорони марказҳои кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозии наврасон мебошад»,- афзуъ манбаъ
Ҷамъомади мазкурро директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комил Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, сабабу омилҳои ба ин ҳодисаи нохуш дучор омадани наврасонро шарҳ дод.
Сипас ба иштирокчиёни семинар-машварт оид ба мавзӯи зикргардида видеоролики тарғиботӣ намоиш дода шуд.
Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода зарурати ташкил ва баргузории чунин семинар-машварат ва риояи ҳатмии қоидаҳои оббозӣ дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳриро таъкид намуд.
Сипас намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори маркази таълимӣ-методии Раёсат Мушкинисо Халифаева ва муовини сардори дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ, майор Ҳабибулло Февлофгиев оид ба роҳҳои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ, омӯзонидани қоидаҳои оббозӣ ба кӯдакону наврасон ва назорати ҷиддӣ бурдани калонсолон ҳангоми оббозии онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар фарҷоми семинар-машварт ба иштирокчиён “Дастури тавсиявӣ оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ барои кӯдакону наврасон” ва варақаҳои тарғиботӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» омода гардида буд, дастрас гардонида шуд.










«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад






