Россия маҳдудият барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук намуд: ба киҳо иҷозаи вуруд дода мешавад?

Май 22, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия маҳдудияти убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро коҳиш дод. Фармони дахлдор, ки дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, марбут ба убури марзҳои хушкигарди Россия мебошад. Ин санадро Сарвазири Россия Михаил Мишустин 18 майи соли равон имзо кардааст.

Ҳамин тариқ, рӯйхати шахсоне, ки дар Россия хешованд доранд, васеъ шуда, ба онҳо иҷозати ворид шудан ба қаламрави Россия дода шуд. Акнун шаҳрвандони дигар кишварҳо, агар онҳо ба назди ҳамсарашон,   волидайн-падару модар, фарзандон, бародарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, фарзандхондагон, инчунин падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Россия раванд, ҳуқуқи  аз сарҳад  гузаштанро доранд.  Қаблан танҳо ҳамсарон, волидайн, фарзандон, падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Федератсияи Россия метавонистанд ба Россия ворид шаванд.

Тағйирот ба фармонҳои 635-р ва 763-р Ҳукумати Федератсияи Россия   вуруди хориҷиёнро ба Россия ба танзим медароранд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия дар пасманзари маҳдудияти мавҷудаи  COVID-19 қабул карда шуданд. Бояд зикр кард, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ шумо бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ) пешниҳод кунед. Шаҳрвандоне, ки иҷозатномаи истиқомат дар хориҷаро доранд ё донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, метавонанд марзро чандин маротиба убур кунанд. Ин ба шахсоне низ дахл дорад, ки дар қаламрави дигар давлатҳо кор мекунанд.

Май 22, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид