Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот намуд

Май 5, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон  Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот перомуни ҳамкории густарда ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.

М.Атмар аз созмондиҳии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Душанбе (29-30 марти соли 2021) изҳори сипос намуда, мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро дар ҳошияи конфронс бисёр бамаврид ва муфид хонд.

Дар мулоқот ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикии ду кишвар, инчунин истифодаи босамар аз стипендияҳои ҳарсолаи Тоҷикистон барои донишҷӯёни Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 5, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид