Сафорати Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар занозании оммавӣ дар Москва рад кард

Май 20, 2021 12:17

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз, 19 май ВАО Россия хабар доданд, дар ҷанубу ғарби Москва, дар хиёбони Вернадский, хонаи 39 байни мизоҷони қаҳвахона занозанӣ ба амал омад, ки дар натиҷа шаш нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва нуҳ нафар барои тафтиши иловагӣ ба идораи полис интиқол ёфтанд.

Манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки муноқиша байни шаҳрвандон бар асари хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайваст ва хусусияти маишӣ дошта, ба задухӯрд печид. Дар он 15 нафар — гӯё шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Москва иштироки шаҳрвандони кишвари моро дар занозании оммавӣ рад кард.

«Кормандони Хадамоти консулӣ бо шуъбаи полиси ҷои ҳодиса дар тамос шуданд. Тибқи маълумоти бадастомада, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса сабт нашудааст», — хабар доданд аз сафорат.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 20, 2021 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад