САХӢ ДАР ҲАРДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ. Ба ниёзмандон дар арафаи иди саиди Фитр кумакҳо расонида шуданд

Май 12, 2021 12:36

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарияти вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо дастгирӣ аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кумак намудан ба шахсони ниёзманд ба қишри камбизоати ҷомеа-ятимон, маъюбон, пиронсолон, бепарасторон дасти мадад дароз менамоянд.

Аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 то 11 май дар арафаи Иди Рамазон ба маъюбону ниёзмандон ва ятимони кулли шаҳри Душанбе,  вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.

Кумакҳои хайрхоҳона ба маблағи қариб 50 ҳазор сомонӣ аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, гӯшт, равған, картошка, пиёз, биринҷ, макарон, лӯбиё,  тухм ва дигар намуди маҳсулоти озуқаворӣ  иборат буданд.

Барои расонидани кумаки моддӣ ба ин қишри ниёзманд ва аз аҳволашон пайваста хабардор шудан, ки танҳо нагузоштани онҳо зери таваҷҷуҳи падаронаи Сарвари давлат қарор дорад, роҳбарияти Кумита бевосита бо ниёзмандон суҳбат карда, онҳоро бо Иди Рамазон табрик намуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон  дар арафаи иди саиди Фитр ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» кумаки хайриявӣ ирсол намуд, ки он аз 85 адад рахти хоб ва маводи хӯрокворӣ иборат мебошад.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ гирифта шудааст.

Ҳамзамон барои болидарӯҳии бошандагон ва ҳайати кормандони ин муассиса  бо истифода аз анвои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла ду намуд хӯроки гарм, ширинӣ, кулчақанд ва меваҳои тару тоза  дастурхони идона ороста шуд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бошандагони муассисаро бо иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бо шароити буду боши онҳо аз наздик шинос шуданд. Зикр шуд, ки яке аз рукнҳои моҳи шарифи Рамазон- ин аёдати беморон ва дастгирии шахсони ниёзманд мебошад.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» барои ғамхориҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон миннатдорӣ намуданд.

Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби соҳибкори ватании шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниëзманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас гардид.

Ин иқдом дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри дастгирии афроди камбизоат рӯи кор омада, дар арафаи Иди саиди Фитр ба вилоят дастрас карда шуд. Кумак аз картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон иборат буда, ба оилаҳои ниёзманди вилоят тақсим карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ буда, табақаи осебпазир таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олии сиëсии кишвар қарор дорад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба соҳибкори ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак намудан ба табақаи ниёзманди  ин вилоят изҳори сипос баён намуд.

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ дар арафаи иди саиди Фитр ба бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» сару либос, пойафзол, маводи гигиенӣ ва ғизоӣ  тақдим намуд.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намояндагони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  иброз доштанд, ки ин иқдомро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа рӯи даст гирифтаанд.

Дар арафаи Иди саиди Фитр бо ташаббуси мудири бахши САҲШ-и Вазорати адлия дар ин ноҳияи Фархор   Нилуфар Мирзозода  ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Ҳакимов  ба 3 оилаи ниёзманд  ва дидбонгоҳи 7-уми  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар деҳаи Дарқади ноҳия кумаки моддӣ  расонида шуд.

Тавре мудири  бахши САҲШ-и ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кумакҳои ирсолгардида аз маводҳои ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар намуди маҳсулоти озӯқаворӣ иборат буд. Барои расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаҳои низманд  пайваста аз ҷониби масъулини ноҳияи Фархор иқдомҳои наҷибона сурат мегиранд ва  аз аҳволи чунин шахсон, хусусан маъюбону ятимон бохабар мегарданд. Ҳамзамон чун рамзи қадрдонӣ аз хизмати содиқонаи сарбозону афсарон, ки  хати аввали марзи давлатиро ҳифзу ҳимоя  ва тинҷию осоиштагии Ватанро таъмин менамоянд, дар остонаи иду ҷашнвораҳо ба онҳо низ кумаки моддӣ раоснида мешавад.

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.

Кумаки хайрхоҳона аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, тухм, шири хушк ва дигар намуди маҳсулоти озуқаворӣ иборат буд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати иди саиди Фитр  иброз доштанд, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

 АКСҲО  аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ,  Бонки миллии Тоҷикистон,  МИҲД ВМКБ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 12, 2021 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 1142 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда гузаронида шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷавонон доир шуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН», «ФАРЗАНД- БОҒИ ПАДАРУ МОДАР». Ғолибони ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ДАР НОРАК. Дар Тоҷикистон 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст
Татбиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Душанбе баргузор гардид
Даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад
ФОРУМИ ДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон аст