Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуд

Май 11, 2021 20:22

ДУШАНБЕ, 11.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Бориши рӯзи 11 майи соли равон дар ноҳияи Ёвон боиси обхезӣ гардида, дар деҳоти Обшорон ва Ситораи сурх ба манзилҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.

Аснои шиносоӣ бо ҳолати баамаломада Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ вазифадор намуд.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳолати баамаломада шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт.

Тибқи иттилоъ, айни замон боз 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор доранд.

Дар доираи дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд.

Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои зарардидагон минтақаи нав барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардида, мутахассисон корҳои санҷиширо идома дода истодаанд.

Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор кард, ки ҳарчӣ зудтар корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинонро оғоз намуда, роҳу пул ва дигар оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сокинони зарардида заминҳои кишоварзӣ низ ҷудо гардида, барои кишти маҳсулот ба онҳо кумак расонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ кумак карда мешавад.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 11, 2021 20:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад