Шаҳриёр Даминов дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ ширкат мекунад

Май 18, 2021 09:40

 ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-23 май варзишгари маъруфи мамлакат Шаҳриёр Даминов дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия баргузор мегардад, ширкат мекунад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Точикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввал варзишгарон барои 6 роҳхати олимпӣ, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов дар байдаркаи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр сабқат мекунанд. Варзишгароне, ки дар шаш мусобиқа: С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) сазовори  ҷои аввал мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии каноэ иштироки беш аз 400 нафар варзишгарон аз 58 давлат дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунад.

Ҳамчунин Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси доварону мураббиёни қаиқронӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 моҳи июни соли 2019 курсҳои техникӣ барои мураббиёни қаиқрониро бо ҷалби коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Аднан Алиев аз Булғористон доир намуда, мураббӣ Зоҳирҷон Набиевро ба курси омӯзишии думоҳаи байналмилалӣ ба Будапешт сафарбар намуд.

АКС аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Май 18, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад