Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин шеър» насиби Абдуҷаббори Суруш гардид

Май 21, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳҷоиза»-и Озмуни «Беҳтарин шеър» дар  Суғд  насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Шаҳриёр Олимӣ, Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро сазовор шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд    хабар доданд, Озмуни «Беҳтарин шеър» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибони тоҷик эълон шуда буд.

Дар доираи нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки бо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, нависандагони ҷавон ва мухлисони адабу фарҳанг дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид, ғолибони озмун муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Ба шеъри довталабон адибон ва олимони тоҷик, аз ҷумла устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдухолиқ Набиев ва Аҳмадҷон Раҳматзод доварӣ намуданд.

Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардиданд. Ҳамчунин шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

Май 21, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд