Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Хатари болоравии сатҳи об дар дарёҳо зиёд аст, чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоед!

Май 15, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 14 то 17 май бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикасту рехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ дар соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироате, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо Кумита аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш мекунад шабонгоҳон ҳаракат дар чунин роҳҳоро маҳдуд кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро низ ҷиддан риоя намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон тавсия медиҳад, ки аз фурсати мусоид истифода намуда, селроҳаро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.

АКС аз КҲФ

Май 15, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид