ВАРЗИШ. Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба соли 2022 гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри имсол дар шаҳри Қуния Туркия баргузор мешуд, як сол ба таъхир афтод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.
Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад.
Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29 августи соли 2021 доир мегардад. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян шуд.
Ба барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; ҷудо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таеквондо (WT); волейбол; вазнбардорӣ; гуштини варзишӣ; камонварии анъанавӣ ворид гардидааст.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






