Варзишгарони тоҷик дар марафони Иcсиқкӯл сазовори ду медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон 9-умин Марафони байналмилалии Иссиқкӯл баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур давандаҳои тоҷик низ ширкат карда, 5 нафарашон ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд.
Дар марафон бо масофаи 42 км 195 м миёни мардон варзишгари тоҷик Шокирҷон Мамейқулов бо натиҷаи 2:36.58 медали биринҷӣ ва 70 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Бахтиёр Уткиров бо натиҷаи 2:36.59 ҷои чорум ва 50 ҳазор сомонӣ гирифт.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ҳамчунин дар ниммарафон ба масофаи 21 км 97 м миёни мардон Ҳасанҷон Акбаралиев бо натиҷаи 1:12.48 сазовори медали биринҷӣ ва 20 ҳазор сомонӣ шуд. Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:14.27 ҷои чорум (10 ҳазор сомонӣ), Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.40 (7 000 сомонӣ) ҷои панҷумро ишғол карданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар 9-умин Марафони байналмилалии Иссиқкӯл, ки дар ду масофа миёни мардону бонувони синни гуногун доир гардид, 3000 нафар варзишгарон ва дӯстдорони варзиш аз 35 давлат иштирок карданд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 1 миллиону 44 ҳазор сомониро ташкил дод.
Акс аз манбаъҳои боз








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






