Вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид.
Дар он намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Александр Масленников, сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, шарикони рушд, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва тариқи онлайн мутахассисони СУТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар самти пешгири бемориҳои ғайрисироятӣ пайваста тадбирҳои муҳим меандешад.
Ба зикри мутахассисон, тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон, бемориҳои дилу рагҳо ба ҳисоб рафта, тибқи нишондиҳандаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ ҳамарӯза қариб 1 миллиард нафар мардон ва 250 миллион нафар занон тамоку мекашанд.
Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку якчанд чораҳои муҳимро рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардида, соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.
Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, тамокукашӣ 10%-и сабаби асосии марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил дода, ҳамасола 5,4 миллион нафар одамон аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён доир ба вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд






