Вазорати нақлиёт: Чин минбаъд контейнерҳои холиро қабул мекунад

Май 28, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ расонида мешавад, ки аз 17 майи соли равон ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.

Дар ин бора Вазорати  нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, менависад АМИТ «Ховар».

Тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Чин, ки 27 апрели соли 2021 тариқи маҷозӣ баргузор гардида буд, амалӣ мегардад.

Дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири  COVID-19 соли   гузашта бо контейнерҳое, ки  аз Чин ба Тоҷикистон  бор оварда мешуд, бозпас гирифта  намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд. Ҳоло барои бозпас гирифтани контейнерҳо аз интиқолдиҳандагони ватанӣ иҷозат дода  шуд.

Акс аз Вазорати  нақлиёти Тоҷикистон

Май 28, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд