19 июн мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз меёбад

Июнь 3, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Федератсияи футболи Тоҷикистон 1 июн қуръакашии тақвими бозиҳои Лигаи касбии Тоҷикистон-2021 баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мавсими нави Лигаи касбии футзали кишвар, ки сарпарасти асосии он ширкати миллии букмекерии «Формула-55» мебошад, 6 даста — «Сипар» (Хуҷанд), «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», «Амонатбонк» (ҳама аз — Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода) иштирок мекунанд.

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии тақвими бозиҳо, дар даври аввал рӯзи шанбеи 19 июн «Истиқлол» — «Самандар», «Соро компания» — «Амонатбонк» ва «Пойтахт» — «Сипар» бозӣ мекунанд.

Тибқи низомнома, дар марҳилаи аввали чемпионат бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ, дар ду давр бо тартиби «хона — меҳмонӣ» баргузор мешаванд. Дар охири марҳилаи якум ду дастаи аввал ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дар ҷойҳои 3-6 — ум қарордошта барои муайян кардани ду иштирокчии дигари 1/2  финали лига дар даври иловагии плей-офф бозӣ мекунанд. Бозиҳо бо силсилаи то ду бурд идома меёбанд. Ғолибони бозиҳои 1/2 финал дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳое, ки бозиҳоро бохтаанд барои дарёфти медалҳои «биринҷӣ» мубориза хоҳанд кард. Қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм аз як бозӣ ва силсилаи финалӣ — аз бозиҳо то бадаст овардани се ғалаба аз тарафи яке аз дастаҳо иборат хоҳанд буд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Давраи 1-ум

19 июн (шанбе)

12:00 – «Истиқлол» – «Самандар»

15:00 – «Соро компания» – «Амонатбанк»

18:00 – «Пойтахт» – «Сипар»

АКС: ФФТ

Июнь 3, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад