Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод
07.06.2021, ноҳияи Нуробод
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз мо лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нурободро, ки яке аз қисмҳои муҳимми нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз намудем.
Лоиҳаи мазкур идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадаф, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи беш аз 9,6 миллиард сомонӣ татбиқ карда истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст.
Тайи замони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус, дар давоми солҳои 2008 – 2020 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди «Мурғоб – Кулма», «Шоҳон – Зиғар», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон», инчунин, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуда, дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар 5 терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта, ба истифода супорида шуд.
Дар ин давра 9 терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 терминал фосилавӣ ва 6 терминал наздисарҳадӣ мебошад, бунёд гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи оҳани «Бохтар – Кӯлоб» ба дарозии 132 километр, қитъаи «Ваҳдат – Ёвон» ба дарозии қариб 41 километр (дар роҳи оҳани «Душанбе – Бохтар – Кӯлоб» сохта, ба истифода супорида шуд.
Корҳои дар соҳаи инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатнокӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд.
Вобаста ба роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бунёди он имрӯз оғоз гардид, хотирнишон месозам, ки тибқи нақша ин роҳ барои кишвар ва минтақа аҳаммияти стратегӣ дорад.
Бинобар ин, кулли сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати оғози корҳои сохтмони ин роҳ, ки боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, табрик мегӯям.
Бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.
Лоиҳаи нави қитъаи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бо талошҳои Ҳукумати кишвар сарчашмаи маблағгузории он дарёфт гардидааст, 86 километр, яъне аз километри 72-юм то 158-уми шоҳроҳи зикршударо фаро мегирад.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи имрӯз оғозшуда 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Бунёди қитъаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод низ мисли қитъаҳои дигар тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази мамлакат мегардад.
Тибқи маълумоти сохторҳои масъул дар давоми 11 солу 4 моҳи охир дар масири Ваҳдат – Рашт – Лахш 423 садамаи нақлиёт рух додааст, ки дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои нохуш 152 нафар ба ҳалокат расида, 477 нафар захмӣ шудааст.
Таъкид месозам, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин, дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Яъне роҳ бо сатҳу сифати беҳтарини ҷаҳонӣ бунёд гардида, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол тавассути он дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад.
Зимнан, хотиррасон менамоям, ки водии Рашт бо обу ҳавои бисёр мусоид, табиати зебо, гиёҳу обҳои шифобахш, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва дигар имкониятҳои нодири худ барои рушди сайёҳӣ шароити беҳтарин дорад.
Маблағи умумии лоиҳаи имрӯз оғозгардида зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.
Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо татбиқи лоиҳа дар се марҳала то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи марҳалаи якум бунёди роҳи асосии Роғун – Обигарм – Тагикамар ба масофаи беш аз 30 километр, сохтмони нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч» ба дарозии қариб сеюним километр, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда ва дигар иншооти сарироҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Марҳалаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар гирифта, ҳамчунин, сохтмони нақби «Тагикамар» ба дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар марҳалаи сеюми лоиҳа сохтмони пули бузург ба дарозии тақрибан 760 метр ба нақша гирифта шудааст, ки бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.
Мо тасмим дорем, ки дар ояндаи наздик боз як лоиҳаи муҳимми дигар, яъне роҳи Нуробод (Лабиҷар) – Сангвор – Қалъаихумбро оғоз карда, барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи алтернативӣ бунёд намоем.
Ҳадафи мо аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин намуда, дар ин замина, даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шарикони рушд, ки барои бунёди иншооти муҳимми имрӯза саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос карда, ба мутахассисону коргарон, яъне бунёдкорони роҳ барори кор орзу менамоям.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳоро вазифадор месозам, ки сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳо ва азхудкунии мақсадноки маблағҳои лоиҳаро таъмин намоянд.
Дар назар бояд дошт, ки ин роҳ барои садсолаҳо бунёд мешавад.
Бинобар ин, зарур аст, ки сифати иҷрои корҳо ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таваҷҷуҳи шумо – ҳозирини гиромӣ ва ҳар як оилаи сокинони водии Раштро ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.
Тавре ки борҳо изҳор дошта будам, тибқи таҳлилу пешгӯии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисону коршиносон соли ҷорӣ аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ яке аз солҳои вазнинтарин дар таърихи 90 – 100 соли охир мешавад.
Яъне аҳолии сайёра бо сабаби хушксолӣ, камобӣ, таъсири бемориҳои сироятӣ, қимат шудани нархи озуқаворӣ ва камчинии он ба мушкилоти сахту сангин ва ҳатто қаҳтиву гуруснагӣ дучор мегардад.
Дар чунин шароит мо бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, барои тирамоҳу зимистони дарпешистода дар ҳар як оила захираи маводи зарурии ғизоиро ташкил намоем, ба исрофкорӣ қатъиян роҳ надиҳем, яъне сарфаю сариштакор бошем ва талаботи Қонун «Дар бораи расму ойинҳо ва маросим»-ро ҳатман риоя намоем.
Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Нуробод ва дигар ноҳияҳои водии Рашт дар идомаи амалҳои созандаи Ҳукумати мамлакат корҳои ободгаронаро боз ҳам вусъат бахшида, ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бори дигар мардуми ватандӯсти ноҳияи Нуробод, водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон бузург табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори хушу босаодат ва барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!