Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя»-ро дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июнь 17, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути қубури полиэтилении қутраш 200 миллиметра ба обанбор интиқол меёбад.  Бояд гуфт, ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Марҳилаи аввал деҳаи Остонаро дар бар гирифта, аллакай пурра татбиқ гардид. Марҳилаи баъдӣ деҳаҳои Осмондара ва Оламафрӯзи ноҳияи Данғараро фаро мегирад, ки бо татбиқ шудани он сокинони деҳот бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмуъ дар деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз 8 ҳазору 470 сокин зиндагӣ мекунанд. Қаблан аҳолӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид. Акнун, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” то деҳаи Остона 7 километр хати асосии оби худҷорӣ ва дар шафати кӯчаҳо, дохили бинову иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди деҳа 3,5 километр хати оби тоза кашида шуда, дар умум масофаи хати оби нӯшокӣ 10,5 километрро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии 911 хоҷагӣ дар деҳоти кӯҳсори ноҳияи Данғара амалӣ карда шуд. Обанбор дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дар масоҳати 0,8 гектар дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд гардидааст. Иқтидори ғунҷоиши об дар обанбор 500 мукааб буда, таъминоти об бо усули худҷорӣ ба минтақаи аҳолинишин интиқол меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи об дар байни сокинон низ тақвият дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” бунёд шуда, ба ин восита мушкилии чандинсолаи сокинони маҳаллаи Остонаи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар самти таъминоти оби нӯшокӣ ҳалли худро ба пуррагӣ пайдо намуд.

Марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои охир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим бомаром амалӣ гардида истодааст. Дар баробари таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин то обанбор ба масофаи 1200 метр роҳ мумфарш гардида, барои сокинони маҳаллаҳои атроф шароити арзандаи рафту омад фароҳам оварда шуд. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ дар дохил ва беруни иншоот гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шудааст.

Ба истифода додани “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя” дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара 17.06.2021

Июнь 17, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад