Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи СААД оид ба муборизаи радиоэлектронӣ дар шакли ҳузурӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи СААД оид ба муборизаи радиоэлектронӣ 4 июн дар Москва баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Созмон иттилоъ додааст.
Дар ҷаласа таҳти раёсати сардори қӯшунҳои муборизаи радоэлектронии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Юрий Ласточкин роҳбарон ва намояндагони соҳавии идораҳои мудофиавии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котиботи СААД иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ, раҳбари Ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров гуфт, ки бо вуҷуди идома ёфтани вазъияти душвори беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, муясар шуд, ки ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ дар шакли ҳузурӣ доир карда шавад. Вай қайд кард, ки гурӯҳи корӣ бо Қарори Шӯрои вазирони мудофиа аз 4 сентябри соли 2020 бо ибтикори Ситоди муштараки СААД бо мақсади муттаҳид сохтани кӯшишҳо ҷиҳати татбиқи зарфиятҳои мақомоти идоракунии фармондеҳии низомӣ, ташкилотҳои соҳавии таълимӣ — методӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, корхонаҳои саноатӣ, дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои узви СААД оид ба масоили муборизаи радиоэлектронӣ таъсис дода шудааст. Кор ба манфиати ҷузъу томҳои Қӯшунҳои СААД (Неруҳои дастаҷамъӣ) сурат мегирад ва ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии СААД равона шудааст.
Иштирокчиёни ҷаласа маълумоти сардори раёсати банақшагирии истифодаи Қӯшунҳои СААД — (Неруҳои дастаҷамъӣ) — муовини сардори маркази банақшагирии истифода ва омодасозии Қӯшунҳои СААД (Неруҳои дастаҷамъӣ) генерал-лейтенант Анатолий Яковлевро дар бораи дурнамои рушди имконоти қудратии СААД шуниданд. Намояндаи ситоди Қӯшунҳои ҳавоӣ — десантии Федератсияи Россия дар бораи қувваҳо ва воситаҳои муборизаи радиоэлектронӣ, ки ба ҳайати Қӯшунҳои (Неруҳои дастаҷамъӣ) СААД ҷудо мешаванд, маълумот пешниҳод кард.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои рушди қувваҳо ва воситаҳои муборизаи радиоэлектронӣ дар қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД, инчунин дурнамои омӯзиши кадрҳои ҳарбӣ — мутахассисони муборизаи радиоэлектронии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.
АКС аз сомонаи СААД








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






