Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия тасмим гирифтааст, ки ҳамкории фарҳангиро, на танҳо дар соҳаи ҳунару синамо, балки дар соҳаи китобдорӣ низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад. Аз ҷумла, китобҳои адибони маъруфи тоҷикро бо сифати баланд дар Туркия ба нашр расонад, то мардуми туркия аз таъриху фарҳанги миллати қадимаи тоҷик боз ҳам бештар ошноӣ пайдо намояд. Ин матлабро муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслан зимни мулоқот бо муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ки 14 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён дошт.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои фарҳангии ду кишвар- Тоҷикистону Туркия дар кишварҳои ҳамдигар баргузор гарданд.
«Баргузории ин рӯзҳо мардумони ду кишварро, ки дар ҳунармандӣ, синамову театр, фарҳанг ва ғайраҳо қаробат доранд, боз ҳам наздиктар месозад»,-илова кард Манучеҳр Шарифзода.
Ин пешниҳод аз ҷониби муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия бо хушҳолӣ пазируфта шуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои фарҳангӣ бо кишвари Туркия хеле рушд намуда, як қатор созишномаҳо, ёддоштҳои тафоҳум, барномаҳои ҳамкории фарҳангӣ, аз қабили «Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия», Лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсис ва фаъолияти марказҳои фарҳангӣ», Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъмурияти шаҳри Кунияни Туркия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарию фарҳангӣ, ки бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, ба имзо расидаанд.
АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ








РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард






