Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар шаҳри Куала Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби бонувон сурат гирифт. Дар ин марҳила 28 даста дар ҳашт гурӯҳ ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Малдив ва Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозиҳои дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» 13-25 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони 8 гурӯҳ роҳхат мегиранд. Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 – Япония, Австралия ва Чин аз марҳилаи интихобӣ озоданд ва мустақим дар марҳилаи финалӣ бозӣ мекунанд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни тимҳои бонувон:
Гурӯҳи «А»: Тайпэйи Чин (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон, Лаос.
Гурӯҳи «В»: Ветнам, Тоҷикистон (мизбон), Малдив, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: ҶХД Корея, Сингапур, Ироқ, Индонезия (мизбон).
Гурӯҳи «D»: Мянма (мизбон), АМА, Гуам, Лубнон.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Филиппин, Ҳонг Конг, Непал (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Урдун, Эрон, Бангладеш (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Тайланд, Фаластин, Малайзия.








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






