Баҳодур Шерализода: «Агар нисбат ба муҳити зист ва табиат бепарвогӣ зоҳир намоем, оқибат ба фалокатҳои ногуворе рӯ ба рӯ хоҳем гашт»

Июнь 5, 2021 11:36

ДУШАНБЕ,05.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 5 июн мардуми сайёра Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро таҷлил менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ин санаи муҳим  бо баргузории барномаҳои маърифатию иттилоотӣ ҷашн гирифта мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Раиси Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА оид ба аҳамияти  Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист  ва дигар масъалаҳои ба ин мавзӯъ алоқаманд ҳамсуҳбат гардид.

Раиси Кумитаи ҳифзи  муҳити зист  иттилоъ дод, ки Рӯзи ҷаҳонии  муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма гирифта,  11 майи соли 1971 олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист барои инсоният оқибатҳои нохуш меорад..Соли 1972 дар шаҳри  Стокголми Шведсия конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони 113 кишвари дунё иштирок намуда, қарор доданд, ки Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист,  ҳамасола 5 июн ҷашн ги­рифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар тамоми кишварҳои дунё,  аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сана  таҷлил мегардад.

«Маърифати экологии аҳолӣ, ки ҳамчун асоси Ҳадафҳои Рушди Устувор  эътироф гардидааст, зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул гардид. Дар асоси талаботи қонуни мазкур, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардид. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки он аз моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма ги­рифта, талаботи он «Ҳифзи муҳити зист, ёдгориҳои таърихию табиӣ вази­фаи умумихалқист» мебошад.»,- гуфт  Баҳодур Шерализода.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки  «имрӯз аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат рух дода ба ҳолатҳои антропогенӣ –дахолати инсон ба муҳити зист иртибот  дорад. Бо назардошти ин, баланд бардошта­ни сатҳи огоҳӣ ва маърифатбахшии экологӣ хеле муҳим аст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  як қатор қонунҳо, Барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ бо мақсади баланд бардошта­ни сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қабул карда шуданд, ки барои рушди бо низоми маърифат ва тарбияи эко­логии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда истодаанд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардош­тани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати эколо­гии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд. Итминони комил дорем, ки дар  якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, ташки­лоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ах­бори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи мазкур ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем».

Ба андешаи Раиси Кумитаи ҳифзхи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  табиат манбаи ҳаёт ва асоси инки­шофи ҷомеаро ташкил намуда, сар­чашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо ҳамбастагии обуҳаво, набототу ҳайвонот ва ола­ми моддиву маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд ва ин масъала имрӯз низ хело муҳим арзёбӣ мегардад.

«Солҳои охир оқибатҳои тағйирё­бии глобалии иқлим, аз қабили об­хезӣ, ярчфароӣ, заминҷунбӣ, тундбод ва офатҳои дигари табиӣ афзоиш ёфта, нигарониву ташвиши марду­ми сайёраи Заминро дучанд намуда­аст. Бо вуҷуди ба анҷом расонидани корҳои назаррас аз ҷониби мақо­моти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти экологӣ, дар натиҷаи аф­зоиши босуръати аҳолӣ, истифодаи аз меъёр зиёди маводи гуногун таъсири кимиёвӣ, вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии замин, ҷамъоварии растаниҳо ва шикори ҳайвонот муво­зинати экологӣ вайрон гардидааст, ки ин ба ҳаёти аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад. Барои ҳамин ҳам зарурият пайдо шудааст, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии ба миёно­мада ҷустуҷӯ ва пайдо карда шаванд, ҳар фарди ҷомеа бояд дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани мушкилоти муҳити зист саҳми худро гузорад. Агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории муҳити зист ва табиат камар набандем, оқибат ба фалокатҳои но­гуворе рӯ ба рӯ хоҳем гашт»,- таъкид намуд Баҳодур Шерализода.

Соли равон Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар сатҳи байналмилалӣ чӣ гуна таҷлил мегардад? Дар посух ба ин савол Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) яке аз мавзӯҳои муҳими муҳити зист ва барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнӣ яке азкишварҳои фаъол инти­хоб карда мешавад.

Номбурда,  зикр кард, соли 2021 кишвари Покистон дар мувофиқа бо  Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ҳамчун кишва­ри мизбон пазируфта шуда, мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист имсол ба барқарорсозии экосистемаҳо ва муносибати мо бо табиат бахши­да мешавад.

-Ҳамзамон ин мавзӯъ оғози расмии Даҳсолаи СММ оид ба барқароркунии экосистемаҳо дар солҳои 2021-2030 хоҳад буд. Вазифаи Даҳсолаи СММ аз барқарор намуда­ни ҳудуди экосистемаҳои таназзул ёф­та ва ба харобӣ дучор шуда бо мақсади мубориза бо буҳронҳои иқлимӣ, пешгирии аз байнравии намудҳои но­дири олами наботот ва ҳайвонот, ба­ланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, обтаъминкунӣ ва таъмини воситаҳо барои мавҷудияти намудҳо иборат аст.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои ин Даҳсола, та­шаккули қонунгузории соҳавӣ, назо­рати иҷрои он ҷиҳати нигоҳдорӣ ва солимгардонии табиати кишварамон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда са­маранок истифода хоҳанд бурд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат  Б. Шерализода.

Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, муҳофизо­ну дӯстдорони табиати биҳиштосои Тоҷикистонро ба Рӯзи  ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолаташон, ки аз  ҳифзи табиат, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳотамон иборат аст комёбӣ таманно доранд.

Июнь 5, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»