БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Санъаткорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои Душанбе барномаҳои фарҳангӣ доир карданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, шурӯъ аз моҳи майи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд. Ин ҳафта, 29 май бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баромади мутрибону ҳунармандони муассисаҳо ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуд, ки барои сокинону меҳмонони пойтахт ҷолибу хотирмон гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Алишер Навоӣ»-и пойтахт ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи рангини мусиқиро пешкаши тамошобинону меҳмонон гардониданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Норак дар Боғи фарҳангу фароғатии «Ирам» барномаи фарҳангиро иборат аз суруду таронаҳои дилнишин манзури иштирокчиёни маҳфил намуданд.
Бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб ва донишҷӯёни Консерватории миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳунарнамоии хешро дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» доир карданд.
Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Абулқосим Фирдавсӣ» барои болидарӯҳии ссокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи пурмуҳтавоеро пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардониданд.
Ҳунарнамоии мутрибону ҳаваскорони муассисаҳо ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо як маҳорати хоса ва басо ҷолибу диданӣ пешкаши меҳмонону шаҳрвандон гардид.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои фарҳангӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 18:00 то 19:00 доир мегарданд.











Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад






