Бахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Июнь 16, 2021 13:54

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 70-солагии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «70 сол дар роҳи омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад иброз дошт, ки дар рушду инкишофи тамоми илмҳо таърих заминаи устувор гузошта, минбаъд низ мегузорад. Ба зикри мавсуф, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар 70 соли фаъолияташ  корҳони назаррасеро ба анҷом расониданд.

«Ҳамин аст, ки имрӯз ба кадом шаҳру навоҳие сафар намоему аз осорхонаҳои он дидан ба амал орем таҳқиқу пажуҳиш ва дастовардҳои  олимони таърихшиносони ҷумҳурӣ дар он ҷойҳо баръало эҳсос мегардад. Аз ин рӯ метавон  нақши институти мазкурро дар байни дигар институтҳое, ки дар мамлакат фаъолият  менамоянд назаррас арзёбӣ  намуд»,- гуфт Абдураҳмон Муҳаммад .

Ба зикри директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло, соли равон барои кормандони Академия соли махсус  буда, онҳо дар баробари ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчунин 70 — солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 70- солагии Институти таърихро ҷашн мегиранд.

 Ҳамчунин номбурда доир ба таърихи институти мазкур маълумот дода, иброз дошт, ки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш зодаи даврони Шӯравӣ буда, ҳамчун маркази асосии таҳқиқи омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти худ корҳои шоиста ва таҳқиқотҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ҳамчун муассисаи бисёрсоҳавии илмӣ тадқиқотӣ ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдии таърих, таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, таърихи назарияи санъат ва илмро ба зимма дорад.

Ёдовар мешавем, ки 16 апрели соли 1951 дар заминаи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ  таъсис ёфт. Ин институт соли 1960 ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.  Дар тӯлии 70 соли фаъолияташ дар институт чандин муассисаҳои бисёрсоҳавии илмӣ — тадқиқотӣ  таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз фаъолият менамоянд.

Аксҳо аз сомонаи АМИТ

Июнь 16, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд