Бар асари бархӯрди қатораҳо дар Покистон 32 нафар ҳалок гардиданд

Июнь 7, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 7.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе бар асари бархӯрди ду қатораи мусофирбар дар ҷануби Покистон ҳадди аққал 32 нафар ҳалок ва 64 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Geo TV” бо истинод ба полис ва гурӯҳҳои наҷотдиҳанда хабар медиҳад.

 Қаблан «The Associated Press»  аз ҳалокати 25 нафар хабар дода буд. Садама дар минтақаи шаҳри Готкаи музофоти ҷанубии Синд рух додааст. Яке аз қатораҳо аз роҳ мебарояд ва дар натиҷа қатораи дуюм ба он бармехӯрад. Сухангӯи полис афзудааст, ки сокинони маҳаллӣ, наҷотбахшон ва полис мусофирони маҷрӯҳ ва ҷасадҳои ҳалокшудагонро ба бемористонҳои наздик интиқол медиҳанд.

Ани замон амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад. Сабабҳои ҳодиса гуфта нашудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Июнь 7, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд