БАРНОМАИ «САРВАТ»-И РАДИОИ «ХОВАР»: Тафсилотро доир ба мафҳуми «иқтисоди сабз» бишнавед!

ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи «иқтисоди сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва дигарон гардидааст.
Баробари рушди иқтисоди сабз тарафдорони он низ сол аз сол зиёд мегарданд, ки ҷомешиноси иртиҷоии амрикоӣ Мюррей Букчин, нависандаи канадагӣ-амрикоӣ Ҷейн Ҷекобс, иқтисоддони британӣ Эрнст Шумахер, биологи амрикоӣ Рейчел Карсон, профессори тиҷорат Дэвид Кортен, иқтисоддони экологии амрикоӣ Роберт Костанса ва дигарон аз аввалинҳо мебошанд. Ҷонибдорони иқтисоди сабз аз соли 2006 ин ҷониб маҷаллаи байналмилалиеро таҳти унвони «Иқтисоди сабз» нашр мекунанд ва ҳамзамон, Институти иқтисоди сабзро таъсис додаанд. Дар баробари ин, мушкилоти мухталифи глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ғайраҳо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро водор сохтааст, ки барои бартараф кардани ин масоил, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯй оранд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба мафҳуми «иқтисоди сабз» ҳамчун заминаи бунёдии рушди устувор соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ оид ба илм ва таълим Номвар Қурбон дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.