Масъулин роҳҳои татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2021/АМИТ «Ховар»/. «Рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди давлат маҳсуб ёфта, омили пешрафти дигар соҳаҳо низ маҳсуб мешавад». Чунин зикр шуд дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» ва Матритсаи амалиёти он, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки Умед Солеҳзода роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» доир ба вазъи воқеӣ, дастовардҳо ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноат гузориш дод.
Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати мониторинг ва амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва Матритсаи амалиёти он, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳалли мушкиливу монеаҳо дар раванди амалишавии Барномаи болозикр ва таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар, инчунин масъала ҷиҳати муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаҳои саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки бо дар назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд.
Акс аз Вазорати саноат ва технологияҳои ҷумҳурӣ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






