БЕСАВОДИИ ҶАВОНОН — ДОМИ ТЕРРОРИСТОН. Иштирокчиёни Конфронси IX дар Москва оид ба амнияти байналмилалӣ суханони қаблан изҳорнамудаи Президенти Тоҷикистонро тасдиқ карданд

Июнь 25, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Конфронси IX дар Москва оид ба амнияти байналмилалӣ, ки 23-24 июн баргузор гардид, ба чунин хулоса омаданд, ки доми асосии террористон барои муҳоҷирони меҳнатӣ бесаводии онҳо мебошад. Дар ин бора ахиран Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар дар Душанбе иброз дошта буданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бештар аз ҳама ифротгароёни мазҳабӣ дар тамоми ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки муҳоҷирони меҳнатиро истихдом кунанд. Дар ин бора Александр Бортников, директори Хадамоти федералии амнияти Россия (ХФА) дар ҷаласаи умумии Конфронс дар Москва оид ба амнияти байналмилалӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи Бортников, тадобири вобаста ба карантин ҷудоии анклавҳои бе ин ҳам ношаффофи муҳоҷиронро афзоиш додааст. Вазъи ташаккули анклавҳо дар Россия чӣ гуна аст? Чӣ гуна метавон ба таъсири террористон ба ҷамъиятҳои миллӣ муқовимат кард?

Ёдовар мешавем, ки Конфронси IX дар Москва оид ба амнияти байналмилалӣ 23-24 июн дар пойтахти Россия бо иштироки аъзои ҳукуматҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ки ба масъалаи суботи ҷаҳонӣ, амалкарди НАТО, ҳамкорӣ дар Арктика, инчунин нақши фазои киберӣ дахл намуданд.

Таъсиси анклавҳо оё ногузир аст?

Имрӯз, ҳар як иттиҳодияи хориҷиёнро метавон анклави этникӣ ҳисоб кард ва инро фарқ намудан муҳим аст: муҳоҷирон танҳо мехоҳанд бо ҳамватанонашон муошират намоянд то аз фарҳанги ватаниашон дур нашаванд ва ё онҳо кӯшиш мекунанд, ки як навъ «давлат дар дохили давлат» ташкил кунанд? Дар ҳолати аввал, ташкили ҷомеаҳо чизи табиӣ аст, мегӯяд Абдусаттор Эсоев, директори Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Москва.

«Мутобиқи натиҷаҳои мониторинги мо, мушаххасан дар Росссия хатари ташкили анклавҳои дорои рӯҳияи душманӣ вуҷуд надорад, — мегӯяд мусоҳиби «Sputnik». — Хориҷиён кӯшиш мекунанд, ки танҳо бо ҳам наздик бошанд то мутобиқшавии онҳо  осонтар шавад. Хусусан, масалан муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ин тарзи рафторро пеш мегиранд — чунки дар ин кишварҳо шахсияти аз худ калонтар, ки бо ӯ машварат кардан мумкин аст ва дар шароити мутобиқшавӣ бе тавсия кор кардан ғайриимкон аст, арзишманд аст».

Кӯшиши фароҳам овардани шароити бароҳати бештар дар муҳити забонии хориҷӣ хоҳиши муқаррарист, чунин меҳисобад Владимир Зорин, узви раёсати Шӯро дар назди Президенти Росссия оид ба муносибатҳои байни миллатҳо, раиси Комиссияи оид ба ҳамоҳангсозии муносиботи байни миллатҳо ва мазҳабҳо.

«Чизе, ки анклавҳо дахл дорад, ин тамоюли ҷаҳонӣ аст ва дар ин ҷо, албатта, хусусияти  хоси Росссия зоҳир мешавад. Дар бисёр кишварҳо, ноҳияҳое, ки дар онҳо намояндагони як миллат зиндагӣ мекунанд, ҳатто барои мақомот қулай мебошанд. Назаре вуҷуд дорад, ки ба ин тартиб тамос бо муҳоҷирон ва танзими вазъ осонтар аст. Дар Россия чунин хати сиёсати давлатӣ вуҷуд надорад», — мегӯяд ӯ.

Бисёрфарҳангсозӣ, усулан, ба аксари кишварҳои пасошӯравӣ хос аст, бинобар ин агар дар Россия анклавҳои этникӣ пайдо шаванд, пас ин падидаи тарҳрезиношудаи дорои ангезаи сирф иқтисодӣ мебошад, таъкид мекунад Зорин.

«Масалан, дар деҳот хонаҳо арзонтаранд, муҳоҷир яке аз чунин хонаҳоро харида, хешовандони худро даъват мекунад, онҳо низ дар наздикии ӯ манзил мехаранд»,- шарҳ медиҳад коршинос. — Аммо ин барои худи муҳоҷирон раванди чандон матлуб нест, чунки мутобиқшавӣ дар муҳити сермиллатӣ осонтар аст. Ва албатта, ҳар як  иттиҳодия ба назорат ниёз дорад».

Дониши камтар — хатари зиёдтар

Ифрогароён ҳамеша мутаваҷеҳи ҷамъияҳо мебошанд, чунки дар байни онҳо одамоне ҳастанд, ки танҳо бо мақсади пул кор кардан ба кишвар омадаанд. Онҳо дар бораи мутобиқшавӣ фикр намекунанд, ин  маънои онро дорад, ки ҷойи будубош барои ин гуна муҳоҷирон арзиши зиёд надорад, мегӯяд коршиноси оид ба амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, сиёсатшинос Шерадил Бактигулов.

«Дар тӯли 30 соли пас аз пошхӯрии ИҶШС сатҳи донистани забони русӣ дар баъзе кишварҳо коҳиш ёфтааст ва вақте ки кас забони кишвареро, ки дар он кор мекунед, намедонад, фаҳмидани анъана ва урфу одатҳои фарҳангӣ ба пуррагӣ мушкилтар аст», — муҳокимаронӣ мекунад ӯ. — Чунинин одамон метавонанд ба осонӣ тӯъмаи истихдомгарон шаванд. Мушкилоти дигар марбут ба ҷанбаи ҳуқуқӣ аст. Тафсири якхелаи ифротгароӣ ва радикализм вуҷуд надорад. Масалан он дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай вуҷуд дорад. Аммо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ин масъалаҳо дахл намекунад, чунки он иттиҳоди иқтисодӣ мебошад. Ва ҳамин тартиб  чунин амалҳоро танзим кардан душвор аст, на ҳама муҳоҷирон миқёси хатарро дарк мекунанд».

-Тасаввуроти  нокифояро  дар мавриди дин низ фаромӯш набояд кард, -афзудааст Владимир Зорин.

«Ин дар тӯли солҳое, ки атеизм эълон шуда буд, ҷамъ шудааст, — мегӯяд коршинос. — Саводнокӣ ва маърифат дар соҳаи дин бояд баланд бардошта шавад. 23 июн мо ин масъаларо дар Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия муҳокима карда будем, идеяи таъсиси бахшҳои ҷавонон дар назди бисёр сохторҳои институтсионалӣ ба пешниҳод карда шуд. Дар масъалаҳои ифротгароӣ, гурӯҳи асосии хатарнок — ин ҷавонон мебошанд ва муҳим ин аст, ки ин хатар (истихдоми ҷавонон — шарҳи идора) бартараф карда шавад».

Воқеан, тавре ки АМИТ Ховар қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран камдониширо сабаби асосии пайдоиши одамони дорои рӯҳияи ифротгароӣ дар ҷомеа номид. Дар ин бора вай 21 майи соли равон зимни суханронӣ дар назди ҷавонони кишвар изҳор доштанд. Ба гуфтаи ӯ, гуноҳи асосӣ надоштани таҳсилоти кофии ҷавонон аст.

«Яке аз сабабҳои асосии ба таассубгароӣ, ифротгароӣ ва радикализми динӣ ҷалб шудани одамон бесаводист», — таъкид  карданд Президент. Инҷунин вай илова карданд, ки ин ҳама падидаҳо ғайри қобили қабул ва хатарноканд, онҳо «мафкураи халқро заҳролуд мекунанд», инчунин боиси «фанатизм ва обуркантизм» мешаванд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, наврасону ҷавонони бетаҷриба бештар ба таназзул гирфтор мешаванд.

«Ман бори дигар таъкид мекунам, ки фанатизм — ин ҷаҳолат аст ва нодонӣ ба инсон чизи дигаре ба ҷуз бадбахтӣ оварда наметавонад», — зикр карданд сарвари Тоҷикистон. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аҳамияти рушди раванди таълимро барои ояндаи кишвар ва ҷомеаи солим таъкид  карданд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки давлат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, то насли оянда ва кӯдакон бесавод намонанд, инчунин ёдовар шуданд, ки волидон дар ин масъала нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд. Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ истифода мешаванд.

«Дар солҳои охир 70% ашхос аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Интернет ҳамчун зархарид ба сафи ҷангҷӯён дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Сурия ва Ироқ ҷалб карда шудаанд», — хулоса карданд Эмомалӣ Раҳмон

Пештар таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ низ зикр  карда буданд, ки дар Тоҷикистон ҷавонон гурӯҳи шаҳрвандоне номбар мешаванд, ки ба радикализатсия ва ҷалби одамон моиланд.

                                                                     АКСИ: © ФСБ РФ

Июнь 25, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст