БМТ:Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории ММПИМ муаррифӣ гардид

Июнь 9, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 09.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе барои ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар тамсилаи (модели нав) мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории Маркази миллии протсессингии  интиқоли маблағҳо (ТМНШГВАММПИМ) муаррифӣ гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони сохторҳои калидии БМТ иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар  ҷаласа  оид ба мақсадҳои асосии ТМНШГВАММПИМ, аз ҷумла таъмини шаффофияти ниҳодӣ ва рақобати солим дар бозори дохилии асъор, нигоҳ доштани таъмини мутавозунии дастрасӣ ба воситаҳои асъорӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки ҳадафи таҳия ва пешниҳоди ин тамсила тақвият дар самти дастрасӣ, шаффофият ва усули ягона барои ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ,  муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолии асъорӣ, бартараф намудани омилҳои инсонӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рейтинги байналмилалӣ мебошад. Инчунин он ба вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва бо ин восита коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар муомилот, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, саводнокии молиявии аҳолӣ ҷиҳати замина гузоштан ба рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир мусоидат менамояд.

Тамсилаи мазкур барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути зиёд шудани амалиётҳои интиқолӣ дар бозори кортҳои пардохтӣ боис гардида, ба баланд бардоштани маърифати рақамии молиявии аҳолӣ оварда мерасонад ва ба ин васила дастрасӣ, истифодабарӣ ва сифатнокии хизматрасониҳои молиявиро вусъат бахшида, фарогирии куллии молиявии аҳолиро таъмин менамояд.

Ба иштирокдорон дар мавзӯи ТМНШГВАММПИМ аз ҷониби масъулини Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори БМТ маълумот пешниҳод гардид. Дар он дороиҳои асъории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз байн рафтани омилҳои инсонӣ, коҳишёбии хавфҳои асъорӣ, диверсификатсия ва афзоиши даромади ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, камшавии талабот ба эмиссияи пули нақд, рушди ҳаҷми интиқол тавассути кортҳо, таъмини шаффофият, зиёд гардидани сандуқи амонатӣ ва қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвияти чораҳои зиддиковидӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, коҳишёбии хавфи МҚД/МТ/МПСҚО, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ таҳлил ва  муҳокима шуд.

Муовини якуми Раиси БМТ зимни муҳокимаронӣ таваҷҷуҳи намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявиро ба ташкили шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба тамсилаи солими бонкӣ, тағйир ёфтани биниш ва миссияи ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бонкӣ, зиёд намудани тамоюли рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани буферҳои ҳимоявӣ, коҳиш додани осебпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз шокҳои берунӣ, баланд бардоштани самаранокии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рушди миёнаравии молиявӣ ва ба ин васила дар асоси омӯзиши рафтори истеъмолкунандагон ба роҳ мондани стратегияи фаъолият ҷалб намуд.

   Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 9, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд