Дар Бадахшон даври шаҳрию ноҳиявии озмуни «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» ҷамъбаст гардид

Июнь 14, 2021 13:55

ХОРУҒ, 14.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали озмуни «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулию туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Акнун ин ғолибон ба даври вилоятӣ, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд. Озмуни мазкур ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсад аз он ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупории аҳолӣ мебошад. Дар озмунҳои мазкур, ки дар беҳтарин толорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардиданд, зиёда аз 500 нафар довталабон ширкат намуда,  72 нафар беҳтаринҳо  ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Сардори Раёсати андози Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иқбол Додихудоев зикр намуд, ки «Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан озмунҳои зиёдеро бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, эҳсоси масъулият дар баробари ҳуқуқу уҳдадориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа доир карда буд. Озмуни мазкур назар ба озмунҳои қаблӣ аз якчанд ҷиҳат тафовут дорад. Аввал ин ки он дар як замони барои халқи тоҷик таърихию хотирмон, яъне 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва аксарияти ширкаткунандагони ин озмун низ зодагони даврони истиқлолият мебошанд. Аз сӯи дигар синни бештари иштирокчиҳо аз 7 то 16 сола буда, ҳанӯз дар бораи низоми молиявӣ, андозу иқтисод, ки ҳамааш бо пул ё маблағ иртибот мегирад, чандон маълумоти  кофӣ надоранд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки нисфи бештарашон маҳз дар остонаи ҳамин озмун маълумоти ибтидоиро  дар бораи андозу моҳияти он ба даст оварданд. Ин кори осону саҳл нест, кори мушкил аст, аммо фикр мекунам, ки ҳамкорону ҳамкасбони мо дар натиҷаи кумаку дастгирии мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, омӯзгорону волидон ба натиҷаи хуб ноил гаштанд. Одатан ба ҳар коре, ки инсон бори аввал машғул мешавад, ҳатман ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Сарфи назар аз ҳамаи нуқсу ноқисиҳо қадами нахуст бобарор омад ва умедворем, ки дар оянда теъдоди довталабони озмуни “Маданияти андозсупорӣ- баҳои бофарҳангии ҷомеа”боз ҳам бештар мешавад ва сатҳи сифати он низ бамаротиб беҳтар мешавад”.

-Ба озмуни вилоятӣ 72 нафар роҳхат гирифтанд. Агар ҳар яке аз иштирокдорони озмуни вилоятӣ дасти кам 3 расм ё макетро ба озмун пешниҳод кунанд, шумораашон аз 200 адад мегузарад. Барои ҷо ба ҷо кардани ин расму макетҳо толори калон лозим аст. Бинобар ин Раёсати андози вилоят дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки озмуни вилоятиро дар бинои навбунёди Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор намояд,-илова кард Иқбол Додихудоев.

Номбурда ваъда  дод, ки озмун ду ё се рӯз идома ёфта,  кӯшиш мекунем, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамаи довталабон аз ноҳияҳои дурдасти вилоятро бо  ҷои хоб ва хӯрок таъмин намоем.

-Барои баҳогузорӣ ба ҳарду номинатсия беҳтарин мутахассисони соҳаи андозу молиёт ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги вилоятро даъват хоҳем кард, -гуфт ӯ.

Июнь 14, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид