Дар Бохтар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт

Июнь 9, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони  Тоҷикистону Ӯзбекистон бо кори худ оғоз намуд, иттилоъ дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо ҒОИБОВА.

Сараввал, меҳмонони ӯзбекистонӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзии вилояти Хатлон дидан намуда, ба ташкилкунандагони он баҳои баланд доданд.

Ҳамин тавр  идомаи форум дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар  сурат гирифт. Дар кори  он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини якуми Сарвазири ҶТ Давлаталӣ Саид ба сухан баромада, аз ҳамкории пайваста бо кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози андаша кард.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умрузоқов  аз ташабусҳои наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар назди ҳозирин сухан гуфт.

Гуфта шуд, ки дар оянда низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам вусъат меёбанд.

Июнь 9, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид