Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад

Июнь 22, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли равон, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  бахшида ба  Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи  байналмилалии  гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Эрон, Озарбойҷон ва Қувайт иштирок мекунанд.

Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мавриди зикр аст,  ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Тоҷикон дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон барпо мекарданд.

Гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин – ин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо,  аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ истифода мешавад. Асосгузорони ин намудҳо аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ менамоянд.

Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рўи ин намуди зебои варзиш дар фасли  баҳору тобистон дар доманакўҳу саҳро  мусобиқаҳо  баргузор мегарданд.  Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург доштанд ва дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ, садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд. Гўштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта бошад ҳам, имрўз ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад ва  моро зарур аст, ки онро  дар байни омма  боз ҳам инкишоф диҳем.

Гӯштингирӣ миёни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ  воситаи асосӣ  ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Имрӯз дар байни халқ ду намуди гӯштин паҳн гаштаанд, ки яке гӯштингирӣ ва дигаре гӯштини камарбандӣ аст, ки бештар дар вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930 инҷониб  гӯштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гӯштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гӯштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омўзиши илмии гўштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ аз намуди гӯштини миллии тоҷикон дидан карда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои гӯштингирӣ васеъ истифода мебарад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Бозии Тоҷикистон ва Малдивро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Малдив бозӣ мекунад
Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми ИДМ дар Озарбойҷон соҳиби 18 медал гардиданд
Дастаи «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд
Се варзишгари навраси тоҷик аз намуди бокс ба даври ниҳоии Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ роҳ ёфтанд
ФУТБОЛ. Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дониста шуданд
Горан Стеванович сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъин шуд
ФУТЗАЛ. 4 октябр бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад