Дар Душанбе Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад

Июнь 7, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15-16 июли соли равон дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст, ки дар доираи он баргузории  Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, рӯзи аввал — 15 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.

Нимаи дуюми  ҳаминин рӯз дар Китобхонаи миллӣ  бо иштироки зиёда аз 200 нафар  Форуми сайёҳии СҲШ ба кори худ оғоз менамояд.

Рӯзи дуюм  -16 июл дар Боғи  «Ирам» бо иштироки меҳмонони вохӯрии мазкур  Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар Боғи «Ирам» аз ҷониби Вазораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикситон барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад.

Иштирокдорони вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  ҳамчунин дар ин рӯз  ба тамошои  Қаълаи Ҳисор мераванд.

Акс аз сомонаи СҲШ

Июнь 7, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад