Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи гардишгарӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслон мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи гардишгарӣ, эҷоди зерсохтори сайёҳӣ, табодули таҷриба байни коршиносон, танзими чорабиниҳои муштарак, иштирок дар намоишгоҳҳои соҳавии якдигар, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои дахлдор ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоли тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари қисми туркии Комиссияи муштарак, муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо раванди татбиқи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду кишвар, татбиқи иқдомҳои муштарак ва имкониятҳои рушди соҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






