Дар Душанбе масоили ҷалби сармояи Россияро ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ карданд

Июнь 7, 2021 12:43

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар тӯли 10 соли охир он дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми аввалро  ишғол  мекунад. Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков гуфта шудааст.

 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр  кард, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар-  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия  муҳтарам Владимир Путин муносибот байни кишварҳо ба сатҳи сифатан нави рушд  баромадаанд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои Россияро ба иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва доир намудани конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд иброз доштанд.

 Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Июнь 7, 2021 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст