Дар Душанбе мулоқоти 16-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти СҲШ баргузор мешавад

Июнь 21, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 июн дар Душанбе мулоқоти 16-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Мулоқот таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода мегузарад.

Ҷузъиёти дигари мулоқот ва мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ хоҳанд шуд, ҳанӯз маълум нест.

Мавриди зикр аст, ки СҲШ — созмони байналмилалии доимамалкунандаи байниҳукуматист, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Соли равон ба таъсиси ин созмон расо 20 сол пур шуд. Ҳоло раёсати СҲШ-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони шаш давлат дар Шанхай ба имзо расидааст.

Аз соли 2017 сарони кишварҳои узви СҲШ қарор дар бораи қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба узвияти созмон имзо намуданд.

Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар СҲШ мебошанд. Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар ин сохмон кишварҳои шарик маҳсуб меёбанд.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Мулоқотҳои котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай механизми ҳамоҳангсозию машваратии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ дар соҳаи амният мебошад.

Ҳангоми гузаронидани мулоқотҳо котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзо Хартияи СҲШ аз 7 июни соли 2002, қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (минбаъд — ШСД), созишномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳоро, ки дар доираи СҲШ қабул шудаанд, инчунин Регламенти дахлдорро ба роҳбарӣ мегиранд.

Ҳадафҳои асосии мулоқоти котибони шӯроҳои амният тибқи шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи СҲШ ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, силоҳи ғайриқонунии тиҷоратӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Мулоқотҳои котибони шӯроҳои амният дар кишварҳои аъзои СҲШ дар як сол ҳадди ақал як маротиба бо навбат гузаронида мешаванд. Санаи баргузории ҷаласаи навбатӣ тавассути Котиботи СҲШ мувофиқа карда мешавад. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ бо ташаббуси ҳадди аққал ду ва бо розигии ҳамаи кишварҳои дигари аъзои СҲШ даъват карда мешаванд.

Ҷаласа қонунӣ ҳисобида мешавад, агар дар он ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ҳадди аққал аз се ду ҳиссаи он дар сатҳи котибони шӯроҳои амният намояндагӣ кунанд. Дар ҳолатҳое, ки котибони шӯроҳои амният шахсони ваколатдори худро барои иштирок дар ҷаласа таъин мекунанд, онҳо на дертар аз як ҳафта пеш аз санаи баргузории ҷаласа ба котиботи СҲШ огоҳиномаи хаттӣ мефиристанд.

Дар ҷаласаҳо метавонанд ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзи СҲШ, Дабири кулли СҲШ, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (СМЗТ СҲШ, ки раёсати онро аз 1 январи соли 2019 намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов бар уҳда дорад) инчунин намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои узви СҲШ ширкат варзанд.

Ҷаласаро Котиби Шӯрои амнияти давлати аъзои СҲШ, ки мулоқот дар ҳудуди он баргузор мешавад, агар котибони шӯроҳои амнияти дар ҷаласа ширкаткунанда тасмими дигаре нагиранд, роҳбарӣ мекунад.

То имрӯз мулоқотҳои котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ дар ин давлатҳо баргузор шудаанд:

  1. 1. 4 июни соли 2004, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тошканд;
  2. 2 июни соли 2005, Ҷумҳурии Қазоқистон, Остона;
  3. 25 майи соли 2007, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек;
  4. 20 майи соли 2009, Федератсияи Россия, Москва;
  5. 5. 23 апрели соли 2010, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тошканд;
  6. 29 апрели соли 2011, Ҷумҳурии Қазоқистон, Остона;
  7. 12 апрели соли 2012, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Пекин;
  8. 29 апрели соли 2013, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек;
  9. 17 апрели соли 2014, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе;
  10. 14 апрели соли 2015, Федератсияи Россия, Москва;
  11. 14 апрели соли 2016, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тошканд;
  12. 6 апрели соли 2017, Ҷумҳурии Қазоқистон, Остона;
  13. 22 майи соли 2018, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Пекин;
  14. 15 майи соли 2019, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек.
  15. 15 сентябри соли 2020, Федератсияи Россия, Москва (тавассути видеоконференсия).

                           АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд