Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи Рушди иқтидорнокии идора кардани пулҳо доир гардид

Июнь 1, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи нахустини Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ дар доираи лоиҳаи Рушди иқтидорноки оид ба  идора кардани пулҳо дар Душанбе баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур — лоиҳаи сеюми Ҳамкории Техникии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) ба шумор меравад. Лоиҳа  моҳи апрели соли 2021 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 2024 ба анҷом хоҳад расид.Дар ин бора аз   Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои  манбаъ, дар ҷаласа намояндагони JICA,  Вазорати нақлиёт ва идораҳои зертобеи он, Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С.Осимӣ, коршиносони японӣ  иштирок намуданд.

Муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шуҷоат  Сироҷзода  ва роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ( JICA), инчунин коршиносони  Япония  сухан намуда, доир ба нақшаи кории лоиҳа ва фаъолияти  он аз рӯи нишондодҳо гузориш доданд.

Аксҳо аз Вазорати нақлиёти ҶТ

Июнь 1, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд