Дар Душанбе Толори намоишгоҳи миллии доимоамалкунандаи «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон Толори намоишгоҳи миллии «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт, ки дар он истеҳсолкунандагони 15 соҳаи Ӯзбекистон маҳсулоти худро пешкаш карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.
Масоҳати толор, ки дар Душанбе ба таври доимӣ фаъолият мекунад, 600 метри мураббаъро ташкил дода, номгӯи молҳо намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ, либоси тайёр, лавозимоти чармӣ ва пойафзол барои истифодаи гуногун, матоъҳо ва маҳсулоти абрешимӣ, электроника, асбобҳои рӯзгор, мебел, сантехника ва ҷавоҳиротро дар бар мегирад.
Толор ба ғайр аз намоишгоҳ будан, ҳамзамон барои гуфтушунидҳо ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунандагон ва муштариён замина мегузорад. Дар ин ҷо бо назардошти заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва талаботи бозор дурнамои рушди ҳамкории саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ мегарданд.
«Бозори Тоҷикистон, ба гуфтаи истеҳсолкунандагони ӯзбекистонӣ, имконоти хуби рушд дорад. Аллакай дар рӯзҳои аввали намоишгоҳ (намоиш – тавзеҳи АМИТ «Ховар») таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон — ҳам харидорон ва ҳам шарикони эҳтимолии тиҷорат ба назар мерасад, — нигоштааст AN Podrobno.uz. -Баъзе аз истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва маснуоти чармӣ аллакай дар бораи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон созишномаҳои пешакӣ ба даст оварданд — шартномаҳои содиротии мустақим дар ояндаи наздик ба мувофиқа мерасанд.»
Намоишгоҳ ҳамчун василаи муассир барои рушди муносибатҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шинос намудани доираҳои тиҷоратии тоҷик бо иқтидори саноатии кишвари ҳамсоя нигаронида шудааст.









Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






