Дар Турсунзода доир ба тартиби номнавис шудан дар Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо семинари машваратӣ доир гардид

Июнь 12, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 12.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди   «Боғи Сомон» ва  «Меваю сабзавоти Турсунзода»  “Шаҳодатнома”-и Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба номнавис шудан дар Низоми бақайдгирифташудаи содироткунандагони Иттиҳоди Аврупо (GSP) ба даст оварданд.

Дар ин хусус дар семинари машваратӣ доир ба тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии содироткунандагон дар Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо, ки 10 июн дар шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони Агентии содироти назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорони шаҳри Турсунзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар семинари машваратӣ  шарҳ дода шуд, ки Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо  ҷиҳати соддагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобаста ба  амалиётҳои содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд. Ҳамчунин барои бархӯрдории субъектҳо аз имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври доимӣ ҳангоми аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои онҳо содирот кардани мол имкон медиҳад.

Дар машварат муовини раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шаҳри Турсунзода  ба содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури хушсифат ба хориҷи кишвар табдил гардид.

-Имрӯз барои ангурпарварони шаҳр содироти ангури хушсифат ба хориҷи мамлакат аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ҳам кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо мебошад-, афзуд Ғафурҷон Собирзода.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода  Ғафурҷон Собирзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади дастгирии кишоварзон ва сарфа намудани вақти онҳо  дар самти содироти ангур ба хориҷи мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар назди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисони соҳаи гумрук, «Тоҷикстандарт» ва дигар мақомоти дахлдор дафтари корӣ  таъсис додааст.

-Дар ин замина аз ҷониби мутахассисон омода кардани ҳуҷҷатҳо ва декларатсияи маҳсулот дар маҳал иҷро гардида, ҳамлу нақл ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулот осонтару дастрас  гардида, маҳсулот аз маҳали истеҳсол ба содирот равона мегардад, -илова кард  Ғафурҷон Собирзода.

Дар идомаи семинари машваратӣ  аз ҷониби намояндагони Агентӣ оид фаъолияти Агентии содирот ва Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо маълумот манзур гардид. Ҳамзамон ба иштирокдорони машварат «Тартиби пур кардани маълумот дар Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо» фаҳмонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки деҳқонону ангурпарварони шаҳри Турсунзода соли 2020 коркарди ангурро ба таври густурда ба роҳ монда, дар натиҷа 150 тонна мавиз омода намуданд, ки  90 тоннааш ба хориҷи мамлакат,  асосан ба кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир гардид.

Хотиррасон мешавем, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан хушкмева  ва содироти он ба хориҷи мамлакат  зери таваҷҷуҳи доимии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт деҳқонону  ангурпарварони шаҳри Турсунзода, ки таҷрибаи бой доранд, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон–таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир мегузоранд.

Деҳқонону ангурпарварони шаҳр ба коркарди ангур хеле ҳавасманд буда, аз ин ҳисоб ҳамасола фоидаи калон ба даст меоранд.

Июнь 12, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд