Дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар сатҳи баланд доир гардиданд. Дар даври мазкур доватлабони асосии медалҳои тилло – «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии хонагӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар даври дуюм дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи «Пойтахт» 6 голи беҷавоб, дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи фузали «Истиқлол»-и шаҳри 2 голи беҷавоб заданд. Мавриди зикр аст, ки барандаи медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими 2019 – дастаи футзали «Помир»-и шаҳри Хоруғ аввалин пирӯзиашро дар мавсими нав ҷашн гирифт. Дастаи футзали «Помир»-и шаҳри Хоруғ бар дастаи футзали «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.
Қобили зикр аст, ки бо натиҷагирӣ аз ду даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021, дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо шашхолӣ пешсафанд. Дар даври навбатӣ ин дастаҳо муқобили ҳам бозӣ мекунанд. Дидори дастаҳо 3 июли соли равон, дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ГОЛҲО | ФАРҚ | Х | |
| 1 | «Соро компания» (ДУШАНБЕ) | 2 | 2 | 0 | 0 | 11-0 | +11 | 6 |
| 2 | «Сипар» (ХУҶАНД) | 2 | 2 | 0 | 0 | 10-0 | +10 | 6 |
| 3 | «Истиқлол»(ДУШАНБЕ) | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-3 | +1 | 3 |
| 4 | «Помир» (ХОРУҒ) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-6 | -3 | 3 |
| 5 | «Самандар» (ТУРСУНЗОДА) | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-7 | -5 | 0 |
| 6 | «Пойтахт» (ДУШАНБЕ) | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-14 | -14 | 0 |
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






