Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад»

Июнь 3, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дирӯз дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки: «Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ менамоем».

Маврид ба зикр аст, ки бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ки дирӯз дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расиданд, асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, ҷиҳати пешбурди онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меоваранд.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери «Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.

Бино ба маълумо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (11.06.2020), сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017 сурат гирифтаанд.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро наздики 60 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.

АКСаз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Июнь 3, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид