ФУТБОЛ. Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм оғоз шуд

Июнь 16, 2021 16:49

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15  июни соли равон дар шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон  ду бозии даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм   баргузор гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар  даври чоруми Лигаи дуюм бо дастаи «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ рақобат намуд, ки дар ин бозӣ ғолиб муайян нагардид. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд. Дастаи футболи  «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав дар ин давр дар сафар бо дастаи «Нури деҳот»-и ноҳияи Панҷ вохӯрӣ анҷом дод, ки дидори ин дастаҳо ҳам бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Мавриди зикр аст, ки фардо дастаҳои футболи  «Чашма» — «Сарбанд», «Кӯшон» — «Хуросон» миёни ҳам рақобат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон.

Минтақаи Бохтар

Лигаи дуюм. Даври чорум.

  1. «Дӯстӣ» — «Ҷиликул» 1:1

Голҳо. Аламшоев Комрон 47 (худгол) (0-1), Қаландаров Мансур 62 (1-1).

Бозингари беҳтарин. Каримов Мунис («Дӯстӣ»).

  1. «Нури деҳот» — «Бешкент» 1:1

Голҳо. Холиқов Бурибой 33 (0-1), Бухоров Хуршед 90+2 (1-1).

Бозингари беҳтарин. Холиқов Бурибой («Бешкент»).

Июнь 16, 2021 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё варзишгоҳи Турсунзодаро тафтиш намуд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид