ГАРМИШАВИИ ИҚЛИМ ДАР РӮИ ЗАМИН ХАТМ НАЁФТААСТ. Гармои фавқулода дар Тоҷикистон гувоҳи ҳол буда метавонад

Июнь 9, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои сарди ғайримуқаррарӣ, ки баҳори имсол Аврупоро фаро гирифта буд, маънои онро надорад, ки гармшавии иқлим дарн рӯи  Замин хатм ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дирӯз, 8 июн Созмони ҷаҳонии  метеорологӣ (СҶМ), ки муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид аст, чунин тавзеҳот баён дошт.

«Ҳамин далел, ки соли равон тибқи меъёрҳои вақтҳои охир  нисбатан сард оғоз ёфт, маънои таваққуфи тағйирёбии иқлимро надорад», — изҳор намуд сухангӯи СҶМ Клэр Ниллис зимни брифинг дар Женева.

«Дар Аврупо баҳори соли 2013 бо ҳароратҳои миёна аз моҳи март то май 0,49 дараҷа С  камтар аз нишондодҳои миёнаи солҳои 1991-2020 сардтарин буд»,-зикр  кард вай бо истинод ба маълумоти барномаи мониторинги моҳворавии аврупоӣ Коперникус. Вале ҳарорати глобалӣ дар моҳи май назар ба нишондодҳои миёна 0,26 дараҷа баландтар буд. Ниллис зикр  кард, ки дар Африқо, Ховари Миёна, дар шимол ва ғарби Россия нисбат ба ҳолатҳои маъмулӣ гармтар буд.

Вай хотиррасон кард, ки «муҳаррики калидии тағйирёбии иқлим дуоксиди карбон мебошад, ки натиҷаи фаъолияти башарӣ аст». Мувофиқи маълумоти мушоҳидаҳои расадхонаи фазоии Мауна Лоа дар ҷазираҳои Ҳавай, ғализии CO2 дар моҳи май «рекорди нав ба андозаи 419,13 зарра бар миллион гузошт», ҳол он ки ин нишондод моҳи майи соли гузашта камтар аз 417,31 зарра бар миллион буд. Нишондодҳои миёнаи глобалии ғализии гази карбон дар фазо нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд. «Ин нишон медиҳад, ки мо ба куҷо равонаем», — гуфт Ниллис.

Аз сабаби тӯлонӣ будани «умри» CO2 дар фазо, наслҳои ояндаи сокинони Замин тағйирёбии иқлимро дар худ хоҳанд озмуд. «Ин маънои баланд шудани ҳарорат, хосияти фавқулода гирифтани боду ҳаво, обшавии яхҳо, баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва афзудани ҳарорати  уқёнусҳоро дорад», — хулоса кард намояндаи расмии СҶМ.

Ёдовар мешавем, ки ҳарорати Замин дар соли гузашта ба нишондодҳои рекордӣ дар тӯли се миллион сол расид, ки инсониятро ба фалокати иқлим наздик кард, изҳор дошт  дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар форуми «Муколамаи иқлимии Петерсберг»  дар аввали моҳи майи соли равон.

Ба гуфтаи ӯ, ғилзати гази карбон дар фазо аз ҳадди баланди пешини худ гузашт ва аз сатҳи давраи то саноатикунонӣ 148% зиёд шуд. Гутерреш таъкид кард, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар се миллион сол аст, ки ҳарорати Замин се дараҷа ва сатҳи баҳр бошад — 15 метр баландтар шудааст.

«Мутобиқи уҳдадориҳои кунунӣ, мо чун пештара ба сӯи баландшавии фалокатбори ҳарорат то 2,4 дараҷа то охири аср меравем. Мо дар дами варта қарор дорем», — ҳушдор дод СММ. Бо мақсади пешгирӣ кардани сенарияи бадтарин, инсоният бояд якҷоя саъй кунад ва бо роҳи рушди «тоза ва сабз» биравад, хулоса кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ин рӯзҳо гармои тоқатфарсо ҳоким аст. Дар гузориши Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки бинобар ворид шудани ҳавои хушки гарм аз минтақаҳои ғарбии кишвар, 9-10 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд боқӣ хоҳад монд.

Агентӣ шарҳ додааст, ки ҳарорат дар водиҳо аз 37ºС то 42ºС гарм, дар ҷануб сутунчаи ҳароратсанҷ аз 40ºС боло хоҳад рафт ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво дар ҳудуди аз 30ºС то 35ºС тағйир хоҳад ёфт.

Ҳавошиносон инчунин ҳушдор медиҳанд, ки аз 8 то 11 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон суръати вазиши шамол то 15-20 м / с зиёд хоҳад шуд. Шамол тӯфони чангу ғуборро бо худ хоҳад дошт.

Дар Душанбе, тибқи пешгӯиҳо барои рӯзҳои наздик, ҳавои гарм бо ҳарорати то 40ºС гармӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ аз охири моҳи май идома дорад.

Пештар бо сабаби баландшавии ғайримуқаррарии ҳарорат, мутахассисон ба аҳолии кишвар тавсияҳо дода буданд. Ба пиронсолон, занони ҳомила ва онҳое, ки бемориҳои дилу раг доранд, тавсия дода мешавад, ки аз гаштугузори тӯлонӣ дар кӯча ва сайругашти рӯзона худдорӣ кунанд.

ДАР АКС: аквапарки Душанбе «Обшорон». Акс аз бойгонӣ 

Июнь 9, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ