Кормандони милитсияи пойтахт хонандаи бадрафторро, ки нисбат ба омӯзгори худ беэҳтиромӣ зоҳир кард, муайян намуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 31 майи соли равон дар як зумра сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашру паҳн гардид, ки дар он ҳолати аз синфхона рондани муаллимае аз ҷониби як нафар хонанда инъикос ёфтааст. Кормандони самти фаврии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навори мазкурро таҳқиқ карда, ноболиғро муайян намуданд, ки дар натиҷа волидайни ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар навори мазкур дида мешавад, ки хонандаи муассисаи таълимӣ нисбат ба муаллимаи худ беҳурматӣ зоҳир намуда, ӯро бо як лаҳни тунд аз дари синфхона берун мекунад. Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбат ба омӯзгори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарони он аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбат ба ин хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш 30 марти соли 2004, сокини кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11 «А»-и МТМУ №76 ноҳияи Фирдасӣ содир гашта, номбурда нисбат ба муаалимаи фанни алгебра, шаҳрванд Ф.М. беэҳтромӣ намуда, ӯро аз синфхона берун мекунад.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба падари номбурда шаҳрванд Лиқоев Некрӯз Фармонович, санаи таваллудаш 7 апрели соли 1972, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев барои бемасъулиятӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол гардид.
Ҳамзамон нисбат ба ноболиғ Ф.М. ва ҳамсабақонаш суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
АКС аз РВКД дар ш. Душанбе








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






