Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ,22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд. Санади мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд.
«Маблағи умумии Лоиҳа 58,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардида, он аз соли 2021 то соли 2027 татбиқ мегардад. Ҳадафи асосии Лоиҳа тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад»,- афзуд манбаъ
Иттилоъ дода шуд, ки маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳалл, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.
Акс аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






