Абдухалил Холиқзода, роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и Душанбе: «МАН ЭМ КАРДАМ. ШУМО ЧӢ?»
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Абдухалил Холиқзода, роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе аз охирин кормандони ин муассиса буд, ки рӯзи шанбе, 19 июн бар зидди COVID-19 воксина гирифт. Дар ин бора имрӯз худи ӯ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Fаcebook хабар додааст.
«Барои эм шудан ман чанд омилро ба ҳисоб гирифтам. Якум, воксинаҳои ба бемористони мо дода шуда ба ҳама кормандон ва ба инҷониб ҳам расид.
Дуввум, подтанҳои ман дар тӯли ин муддат поён омад ва ба 1,5 расид.
Нуктаи муҳимми дигар ин ки коршиносони ғарбӣ пас аз он сарусадоҳои қаблӣ ба чунин хулоса омаданд, ки оризаҳои эмкунӣ бамаротиб камтар аз оризаҳои бемории COVID-19 ва қобили контроланд», — навиштааст ӯ.
Тавре Абдухалил Холиқзода менависад, ба эътимоди коршиносони эпидемиолог, ягона роҳи пешгирии пандемия эмкунист. Як нафар эмшуда метавонад садди роҳи сироят ёфтани даҳҳо нафар наздиконаш гардад.
«Ёдамон наравад, ки панҷ дарсади мубталошудагон ба бемории мазкур онро вазнин мегузаронанд!», — навиштааст ӯ.
Суханони роҳбари яке аз муассисаҳои бонуфузи тиббии Тоҷикистон дар ин маврид аз рӯи илми мантиқ чунин маънӣ дар пай доранд: ман эм кардам, шумо чӣ?
Дар идомаи суханонаш Холиқзода чунин нигоштааст: «Мо бо коршиносон, ки бар аҳаммияти эмшавӣ таъкид менамоянд, ҳамнавоем ва таъкид мекунем, ки ҳар касе, ки тибқи барномарезии масъулин ба эмшавӣ дастрасӣ пайдо мекунад, бе ҳечҷистиҳола эм шавад», — таъкид намудааст роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе Абдухалил Холиқзода.
Хотиррасон мешавем, ки дирӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва 300 800 адад сӯзандору ворид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намудаанд, ки дар умум 132 ҳазору 75 нафар бо ваксина фаро гирифта шудаанд.
АКС: аз саҳифаи шахсиии А. Холиқзода дар Facebook








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






