Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 485 иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд имкони ташкили 2000 ҷойи кори навро фароҳам овард

Июнь 23, 2021 11:26

ХУҶАНД, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд сохтмон, таъмир ва навсозии 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ ба ифтихори санаи ҷашнӣ барои ятимон ва кӯдакони бе сарпараст муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад.

Тавре аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳудуди маҳаллаи Бофанда бо дарназардошти меъёрҳои муосир ва тамоми шароити зарурӣ кӯдакистони нав барои тарбия ва таҳсили 200 тифл бунёд мешавад.

Бинои нави муассисаи томактабӣ дуошёна буда,  аз 7 синфхона ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар саҳни ҳавлии он 7 айвони тобистона барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва тарбияи ҷисмонӣ сохта мешавад.

То моҳи январи соли 2021 дар Хуҷанд 46 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла 32 кӯдакистони давлатӣ, 14 кӯдакистони хусусӣ  фаъолият доранд, ки  дар онҳо зиёда аз 8600 кӯдак таълиму тарбия мегиранд.

Умуман, то ҳол аз миқдори умумии иншооти дар Хуҷанд банақшагирифташуда аллакай 485 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода  дода шудаанд, инчунин зиёда аз 2000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.

Июнь 23, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд