Милитсияи Душанбе қазияи аз ошёнаи сеюм ҷаҳидани наврасонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақша-чорабинӣ 26 майи соли равон аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати муайян намудани хонандагоне, ки худсарона дарсро тарк намуда, дар марказҳои компютерӣ машғули ҳаргуна бозиҳои зараровар мебошанд, амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд. Ҳангоми мавриди санҷиш қарор додани маркази компютерии «Душанбе», воқеъ дар кӯчаи Қосимов, бинои №64 муайян карда шуд, ки як зумра ноболиғон-хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 –и ноҳияи Фирдавсӣ дар соати дарсӣ бо лавозимоти хониш саргарми бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд. Бо баробари ба маркази компютерӣ ворид гаштани кормандони милитсия 4 нафар наврасон бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ худро аз тирезаи ошёнаи 3-юми бинои мазкур ба поён ҷаҳида, аз ҷойи ҳидиса фирор мекунанд.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъд аз санҷиш муайян карда шуд, ки ҳамаи номбурдагон хонандагони синфи 9-и муассисаи номбурда буда, саломатии онҳо хуб буда, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҳар чаҳор нафар волидайни ноболиғон- шаҳрвандон Раҷабов Саид Юнусович, санаи таваллудаш 20 апрели 1979; Мавлонова Гулнора Мавлоновна, санаи таваллудаш 6 октябри соли 1984; Нинаев Мирзо Нигматуллоевич, санаи таваллудаш 5 январи соли 1996, Раҳмонова Тахмина Абдуғаффоровна санаи таваллудаш 2 ноябри соли 1983 бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар дар таълиму тарбияи фарзанд» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъумурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар асоси Қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуданд.
Ҳамзамон нисбат ба Низомов Абдулазиз Ҷамшедович санаи таваллудаш 26 январи соли 1997, сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе, соҳибмулки маркази комютерии мазкур, ки хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, ба хотири ба даст овардани маблағ ноболиғонро ба маркази компютерӣ роҳ додааст, маводи лозима тартиб дода, он дар баррасӣ қарор дорад.
Зимни санҷиши қазияи мазкур муайян карда шуд, ки дар баробари волидайни ноболиғон масъулини муассисаи таълимӣ низ ҷиҳати ба таҳсилот фаро гирифтани хонандагон ва назорати иштироки онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ ба хунукназарӣ роҳ додаанд. Ин бозгӯи он аст, ки волидайн низ бо муассисаи таълимӣ дар робитаи зич қарор надошта, аз болои давомот ва таҳсилоти фарзандони худ назорати дурустро ба роҳ намондаанд, ки аз ҳарду омил хонандагон истифода бурда, дар соати дарсӣ ба амалу кирдорҳои ношоям даст задаанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эҳтиромона аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва масъулини муассасаҳои таълимӣ хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии кирдорҳои ношоям ва ба илму дониш фаро гирифтани наврасон дар ҳамбастагӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
АКС аз Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






