Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуд

Июнь 8, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 08.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илми мамлакат  Диловар Қодирзода бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй баргузор гардид.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвақт  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф ва илми Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо ба довталабони афғон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, густариш додани ҳамкорӣ  байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ду мамлакат, табодули таҷриба миёни омӯзгорони афғону тоҷик, такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи таълим дар мактаби “Сомониён”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд”,-афзуд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника ва Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистр ҷудо мегардад. Инчунин дар доираи ҳамкории байнидонишгоҳӣ 19 созишнома байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал мекунад.

Ҳамчунин  зикр гардид, ки айни ҳол 468 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои забономӯзӣ, бакалавриат, магистратура, ординатура, интернатура, аспирантура, доктор Phd ва унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи вусъат бахшидани ҳамкорӣ  дар соҳаи маориф ва илм барои шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти умумии “Сомониён” фаъолият менамояд, ки он дорои 450 нафар хонанда мебошад.

Инчунин  пешниҳод гардид, ки ҳамкории дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварҳо густариш дода шуда, дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии омӯзгорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ монда шавад.

Июнь 8, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад